Дар Чемпионати CAFA футболбозони навраси тоҷик тими Қирғизистонро мағлуб карданд

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз намуд. Мувофиқи тақвим мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал озод буд, зеро шумори дастаҳо ҳамагӣ 5-то аст. Дар ин давр бозии байни наврасони дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон мусовӣ – 2:2 ва миёни тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз намуд.

Мувофиқи тақвим мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал озод буд, зеро шумори дастаҳо ҳамагӣ 5-то аст. Дар ин давр бозии байни наврасони дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон мусовӣ – 2:2 ва миёни тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон низ – 1:1 анҷом пазируфт.

Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар даври дуюм мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввал тими наврасони Қирғизистонро дилпурона бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Масрур Ғафуров (аз пеналти) ва Шеравган Саидов ба дастаи 16 солаи кишвар 3 имтиёз оварданд.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари ин давр наврасони Ӯзбекистон дарвозаи футболбозони Афғонистонро голборон карданд – 6:0.

Бозиҳои даври навбатии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола (U-16) имрӯз баргузор мешаванд. Бозии Эрон – Қирғизистон соати 18:00 ва Тоҷикистон – Афғонистон – соати 21:00 оғоз мешаванд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегарданд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни мунтахабҳои то 16-сола аз рӯий системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.

Даврҳои боқимонда

Даври 3-юм

16 май (душанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 4-ум

18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5-ум

20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.