Ӯзбекистон содироти газро ба Чин дубора оғоз кард

Узбекистон содироти газро ба Чин, ки аввали соли равон ба хотири қонеъ кардани талаботи дохилӣ қатъ карда буд, дубора аз сар гирифтааст. Дар ин бора Eurasianet.org хабар медиҳад. Ҳукумати Узбекистон дар бораи азсаргирии дубораи содироти газ ба Чин хабар надодааст. Аммо маълумоти Чин нишон медиҳад, Тошканд аз тариқи лӯлаи Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз Туркманистон оғоз […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Узбекистон содироти газро ба Чин, ки аввали соли равон ба хотири қонеъ кардани талаботи дохилӣ қатъ карда буд, дубора аз сар гирифтааст. Дар ин бора Eurasianet.org хабар медиҳад.

Ҳукумати Узбекистон дар бораи азсаргирии дубораи содироти газ ба Чин хабар надодааст. Аммо маълумоти Чин нишон медиҳад, Тошканд аз тариқи лӯлаи Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз Туркманистон оғоз шуда, тавассути Узбекистону Қазоқистон мегузарад, дубора газ содир мекунад.

Бино ба омори Раёсати гумруки Чин, Узбекистон дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ ба он кишвар ба маблағи 132,8 миллион доллар газ содир кардааст, хабар медиҳад сомонаи русии Neftegaz.ru. Ҳаҷми гази содиршуда гуфта намешавад.

Туркманистон ба маблағи 2,87 миллиард доллар ва Қазоқистон бар ивази 270,6 миллион доллар ба Чин газ фурӯхтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.