Дар ҳамла ба як мактаб дар Техаси ИМА 18 кӯдак ва 3 шахси калонсол кушта шуданд

Бар асари тирпарронӣ дар шаҳри Ювалди иёлати амрикоии Техаси ИМА дастикам 16 мактабхони синфҳои ибтидоӣ ва 3 нафар шахси калонсол, аз ҷумла 1 омӯзгор кушта шуданд. Бино ба иттилои хабаргузории ВВС, ҳамлагар сокини 18-солаи маҳаллӣ Салвадор Ромас буда, тибқи маълумоти пешакӣ аз ҷониби кормандони пулис дар маҳалли ҳодиса кушта шудааст. Губернатори шаҳри Техас Грег Эбботт […]

Asia-Plus

Бар асари тирпарронӣ дар шаҳри Ювалди иёлати амрикоии Техаси ИМА дастикам 16 мактабхони синфҳои ибтидоӣ ва 3 нафар шахси калонсол, аз ҷумла 1 омӯзгор кушта шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории ВВС, ҳамлагар сокини 18-солаи маҳаллӣ Салвадор Ромас буда, тибқи маълумоти пешакӣ аз ҷониби кормандони пулис дар маҳалли ҳодиса кушта шудааст.

Губернатори шаҳри Техас Грег Эбботт гуфтааст, ҳамлагар автомашинаи худро назди мактаб гузошта, ба дохили бино ворид шудааст.

Ду манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шабакаи телевизионии амрикоии CBS News тасдиқ кардаанд, ки ӯ бо таппонча ва милтиқи AR-15 бо тирдонҳои дорои тири зиёд мусаллаҳ будааст.

Бино ба маълумоти манбаъҳо дар мақомоти пулис, пеш аз ба мактаб раҳсипор шудан Ромас модаркалони худро парронидааст.

Сабабҳои ба ин амал даст задани ӯ ҳоло маълум нест. Узви сенати Техас Роналд Гутерес изҳор доштааст, ки ҳамлагар милтиқро замони ба синни 18-солагӣ расиданаш харидааст.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар мактабе, ки дар он толибилмони синни аз 7 то 10-сола таҳсил мекунанд, рух додааст.

Қобили зикр аст, ки созмони ғайритиҷоратии Gun Violence Archive    танҳо дар моҳи май 215 ҳолати истифодаи силоҳи оташфишонро дар ИМА ба қайд гирифтааст, аз ҷумла дар 9-тои онҳо зиёда аз 4 нафар кушта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.