Дар яке аз ноҳияҳои Қирғизистон 3,5 ҳазор шиноснома гум шудааст

Дар Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон 2101 шиноснома ва 1667 ID-корте, ки бояд нобуд карда мешуданд, гум шудааст. Дар ин бора вазири рушди рақамии Қирғизистон Талант Имонов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа мутахассиси шуъбаи байниминтақавӣ аз вазифа озод ва дастгир гашта, сардори Департаменти сабти […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дар Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Узгени вилояти Ӯши Қирғизистон 2101 шиноснома ва 1667 ID-корте, ки бояд нобуд карда мешуданд, гум шудааст.

Дар ин бора вазири рушди рақамии Қирғизистон Талант Имонов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа мутахассиси шуъбаи байниминтақавӣ аз вазифа озод ва дастгир гашта, сардори Департаменти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Аравон низ аз вазифа озод ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Чандин корманди департаменти мазкур танбеҳ гирифтаанд.

"Ин қазия таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури Қирғизистон қарор дорад. Дар оянда низ шуморо аз натиҷаи мубориза бо "мафияи шиноснома" огаҳ хоҳем кард", – илова кардааст ӯ.

Вазири рушди рақамии Қирғизистон пештар гуфта буд, шаҳрвандеро дастгир карданд, ки мехост ба Туркия беш аз 100 шиносномаи қирғизиро интиқол диҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.