“Амонатбонк” ба сокинони шаҳри Турсунзода қарзҳои имтиёзнок медиҳад. Ба киҳо ва бо кадом мақсад?

Date:

Қарзҳои имтиёзнок натанҳо ба истеҳсолкунандагон, балки барои эҳтиёҷоти шахсӣ, масалан васеъ кардани манзил низ пешниҳод карда мешаванд, шарҳ доданд мутахассисони “Амонатбонк”.

Агар шумо дар шаҳри Турсунзода корхонаи истеҳсолӣ дошта бошеду бароятон харидани таҷҳизоту дастгоҳ, техника ва дигар лавозимот зарур аст, “Амонатбонк” ба шумо бо 22%-и солона бо сомонӣ ва 10%-и солона бо доллар ба муҳлати 3 сол қарзҳои имтиёзнок медиҳад.

Ба шахсоне, ки бори аввал аз “Амонатбюонк” қарз гирифтан мехоҳанд, чунин шартҳо пешниҳод мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акс аз бойгонӣ

Барои мизоҷоне, ки қаблан аз бонк қарз гирифтаву саривақт онро пардохтаанд ва таърихи хуби қарзӣ доранд, бонк бо 21%-и солона бо сомонӣ ва 9%-и солона бо доллар қарзи имтиёзнок дода метавонад.

Аз ин қарзҳо соҳибкороне, ки ба корҳои рушди бахшҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ, саноату сохтмон ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, низ истифода бурда метавонанд.

Қарзҳои имтиёзнокро инчунин метавон барои харидани хона, беҳбуди шароити зист ва дигар талаботу эҳтиёҷот дастрас намуд.

То кунун чӣ қадар чунин қарзҳои имтиёзнок дода шудааст?

Охири моҳи апрел АМИТ “Ховар” дар ин робита хабар дода буд, ки то 25 апрел ба 210 нафар соҳибкорону хоҷагидорон ва сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 8 млн 10 ҳазору 800 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Дар маҷмӯъ ба сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 1 млн 761 ҳазор сомонӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва 6 млн 249 ҳазору 800 сомонӣ   барои рушди соҳибкории хурду миёна қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд.

Музаффар Мирализода, сардори филиали №15-и “Амонатбонк” дар шаҳри Турсунзода зикр карда буд, ки ин қарзҳо бо мақсади дастгирии тиҷорат ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар шаҳри Турсунзода дода мешаванд.

Чунин имтиёзҳо ҳоло танҳо дар шаҳри Турсунзода амал карда, дар оянда “Амонатбонк” ният дорад, ки онро дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба роҳ монад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...