“Амонатбонк” ба сокинони шаҳри Турсунзода қарзҳои имтиёзнок медиҳад. Ба киҳо ва бо кадом мақсад?

Қарзҳои имтиёзнок натанҳо ба истеҳсолкунандагон, балки барои эҳтиёҷоти шахсӣ, масалан васеъ кардани манзил низ пешниҳод карда мешаванд, шарҳ доданд мутахассисони “Амонатбонк”. Агар шумо дар шаҳри Турсунзода корхонаи истеҳсолӣ дошта бошеду бароятон харидани таҷҳизоту дастгоҳ, техника ва дигар лавозимот зарур аст, “Амонатбонк” ба шумо бо 22%-и солона бо сомонӣ ва 10%-и солона бо доллар ба муҳлати […]

Қарзҳои имтиёзнок натанҳо ба истеҳсолкунандагон, балки барои эҳтиёҷоти шахсӣ, масалан васеъ кардани манзил низ пешниҳод карда мешаванд, шарҳ доданд мутахассисони “Амонатбонк”.

Агар шумо дар шаҳри Турсунзода корхонаи истеҳсолӣ дошта бошеду бароятон харидани таҷҳизоту дастгоҳ, техника ва дигар лавозимот зарур аст, “Амонатбонк” ба шумо бо 22%-и солона бо сомонӣ ва 10%-и солона бо доллар ба муҳлати 3 сол қарзҳои имтиёзнок медиҳад.

Ба шахсоне, ки бори аввал аз “Амонатбюонк” қарз гирифтан мехоҳанд, чунин шартҳо пешниҳод мегардад.

Барои мизоҷоне, ки қаблан аз бонк қарз гирифтаву саривақт онро пардохтаанд ва таърихи хуби қарзӣ доранд, бонк бо 21%-и солона бо сомонӣ ва 9%-и солона бо доллар қарзи имтиёзнок дода метавонад.

Аз ин қарзҳо соҳибкороне, ки ба корҳои рушди бахшҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ, саноату сохтмон ва ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, низ истифода бурда метавонанд.

Қарзҳои имтиёзнокро инчунин метавон барои харидани хона, беҳбуди шароити зист ва дигар талаботу эҳтиёҷот дастрас намуд.

То кунун чӣ қадар чунин қарзҳои имтиёзнок дода шудааст?

Охири моҳи апрел АМИТ “Ховар” дар ин робита хабар дода буд, ки то 25 апрел ба 210 нафар соҳибкорону хоҷагидорон ва сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 8 млн 10 ҳазору 800 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Дар маҷмӯъ ба сокинони шаҳри Турсунзода ба маблағи 1 млн 761 ҳазор сомонӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва 6 млн 249 ҳазору 800 сомонӣ   барои рушди соҳибкории хурду миёна қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд.

Музаффар Мирализода, сардори филиали №15-и “Амонатбонк” дар шаҳри Турсунзода зикр карда буд, ки ин қарзҳо бо мақсади дастгирии тиҷорат ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар шаҳри Турсунзода дода мешаванд.

Чунин имтиёзҳо ҳоло танҳо дар шаҳри Турсунзода амал карда, дар оянда “Амонатбонк” ният дорад, ки онро дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба роҳ монад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.