Селу жолаи шадиди пурхисорот дар Ашт: ситоди фаврӣ ташкил шудааст

Дар пайи бориши шадиди жола ва борони зуҳри имрӯз, 30-уми май аз ду ҷамоати ноҳияи Ашт сел омада, ба гуфтаи мақомот асосан ба роҳҳо зиён расонидааст. Хисороти сел дар ҳоли ҳозир гуфта нашудааст, вале ҳукумати ноҳия мегӯяд, ситоди фаврӣ ташкил шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт дар натиҷаи бориши борони шадид, ки соати тахмин […]

Дар пайи бориши шадиди жола ва борони зуҳри имрӯз, 30-уми май аз ду ҷамоати ноҳияи Ашт сел омада, ба гуфтаи мақомот асосан ба роҳҳо зиён расонидааст. Хисороти сел дар ҳоли ҳозир гуфта нашудааст, вале ҳукумати ноҳия мегӯяд, ситоди фаврӣ ташкил шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт дар натиҷаи бориши борони шадид, ки соати тахмин 11:40-и имрӯз ба қайд гирифта шуд, аз мавзеи Аштсойи ҷамоати Ашт ва ҷамоати Пунуки ҳамин ноҳия сел фаромада роҳҳои марказиро қисман вайрон кардааст.

Аммо мақомот то ба ҳол дақиқан нагуфтааст, ки чанд километр роҳҳо аз селфароӣ валангор шудаанд.Чанд соат пеш аз нашри ин хабар, сокинони ҷамоати Ашт чанд аксу навори бориши бошиддати жола ва омадани сел дар ин ҷамоатро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Гуфта мешавад, ба маконҳои аз сел зарардидаи ҷамоати Ашт ва Пунки ноҳияи Ашт муовини раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода рафтаанд.

Манбаъ мегӯяд, раиси ноҳия барои дар мудати кӯтоҳ бартараф кардани оқибатҳои сел ба масъулин супориш дода, бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кард. “Ба таври таҷилӣ дар бинои ҷамоати деҳоти Ашт ситоди фаврӣ доир гардида барои бартараф намудани хисороти сел чораҳои зарурӣ дида шуд”.-навиштааст, Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Ашт.

Мирзоҳамид Латипов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҳоло дар минтақаҳои  селфаромада ситод ташкил шуда хисоротро ҳисоб карда истодаанд. Ӯ гуфт, сел ба хонаҳои мардум зиён нарасонидааст ва асосан роҳҳоро вайрон кардааст ва аз натиҷаи санҷиши гуруҳи корӣ баъдтар хабар медиҳанд.

Аммо дар хабарномаи мақомот омадааст, ки аллакай корҳои барқароркунӣ оғоз гардида техникаҳо ҷалб гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.