Як модар дар Хуҷанд кӯдакашро дар гаҳвора нафасгир карда куштааст

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як модари 26-сола писарчаи ҳанӯз яксола ношудаи худро дар гаҳвора нафасгир карда куштааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин ҷавонзан ба далели ин ки робитааш бо марди дигарро аз шавҳараш пинҳон кунад, фарзанди аз марди дигар таваллудкардаашро бӯғӣ карда ба ҳалокат мерасонад. Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар як навори видеоӣ, аз ин зан […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як модари 26-сола писарчаи ҳанӯз яксола ношудаи худро дар гаҳвора нафасгир карда куштааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин ҷавонзан ба далели ин ки робитааш бо марди дигарро аз шавҳараш пинҳон кунад, фарзанди аз марди дигар таваллудкардаашро бӯғӣ карда ба ҳалокат мерасонад.

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар як навори видеоӣ, аз ин зан Мутриба Розиқова, сокини 26-солаи шаҳри Хуҷанд ном бурда, мегӯяд, ки ӯ ба ҷурми одамкушӣ муттаҳам мешавад.

Манбаъ мегӯяд, ин ҷавонзан, "23-уми апрели имсол бо мақсади пинҳон кардани хиёнат ба шавҳар фарзанди аз марди дигар таваллуд кардаашро бо роҳи маҷбурӣ ба ҳалокат расонидааст. Писарчаи хурдсоли ӯ, бояд 26-уми майи имсол 1-сола мешуд, вале дар гаҳвора аз дасти модари худ кушта шудааст.  

“Маълумот дар бораи ҷиноят замоне ба мақомоти таҳқиқу тафтишот дастрас гардид, ки кӯдаки солим ба таври ногаҳонӣ ба ҳалокат мерасад. Ва пайвандони бе ин ҳам ба рафтори келини хонадон шубҳа дошта ба табиӣ будани марги хурдсол бовар намекунанд. Зимни коркардҳои оперативӣ ва амалҳои тафтишии мақомоти милитсия ва прокуратура ҳақиқат доштани ин гумонро ошкор намуданд. То ин ки айби модари ҷавон пинҳон монад тавассути доштани роҳи нафас хурдсол дар дохили гаҳвора аз панҷаи дасти модари худ ба таври маҷбурӣ ба ҳалокат расонида мешавад. Ин фарзияест, ки тафтишоти пешакӣ тасдиқ менамояд”,-гуфта мешавад дар навори видеоии Раёсати умури дохилӣ.

Ҷавонзани дар куштори кӯдаки хурдсоли худ гумонбаршаванда низ, дар ин навор назди дурбини камера иқрор шудааст, ки “аз тарс ба ҳамин ҷиноят даст задам”.

Мақомоти додситонии шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса аз рӯйи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.