Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон бо Раҳбари Инқилоби исломии Эрон гуфтушунид кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Эрон рӯзи 30 май бо як қатор шахсони расмии Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтушунид кард. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни мулоқот бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф масоили таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиё, аз ҷумла Афғонистон баррасӣ шуд. Дар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Эрон рӯзи 30 май бо як қатор шахсони расмии Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни мулоқот бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф масоили таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиё, аз ҷумла Афғонистон баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ низ ба масоили таъмини амният таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Президенти ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду кишвар дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад.

Зимни баррасии масоили амниятӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва вазъи Афғонистон муҳокима гардид.

Зимни гуфтушунид бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир ҷонибҳо аз дастовардҳои назарраси ҳамкорӣ давоми 30 соли робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада, таъмини татбиқи амалии онҳоро зарур шумурданд.

Ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои созанда ба масъалаи татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, ки дар ҳошияи мулоқоту музокироти сатҳи олии имрӯза ба имзо расид, ҳамчунин ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, коркарди маъдан, мошинсозӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, шиша ва кошин аз самтҳои дигари судовар барои ҳарду кишвар номида шуд.

Таъкид шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар самти роҳандозии коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва абрешим то маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин қолинбофӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, намаки ошӣ, истеҳсоли равғани растанӣ ва оби ошомиданӣ низ ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, таҷҳизот ва техникаи кишоварзӣ аз самтҳои дигари муфид барои рушди робитаҳо маънидод карда шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, сайёҳӣ, алалхусус сайёҳати тандурустӣ табодули андеша карданд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар Теҳрон аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон дар сатҳи олӣ дар ҳузури сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳим Раисӣ 16 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.