Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари дурӯзаи расмӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меравад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сафар рӯзҳои 2-3 июн сурат мегирад. Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ дар як матлаб бахшида ба равобити кишварҳо ки дар хабаргузории давлатии "Ховар" нашр шуд, хабари сафари расмии Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намуда, гуфтааст ки ин […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меравад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сафар рӯзҳои 2-3 июн сурат мегирад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ дар як матлаб бахшида ба равобити кишварҳо ки дар хабаргузории давлатии "Ховар" нашр шуд, хабари сафари расмии Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намуда, гуфтааст ки ин сафар рӯзҳои наздик сурат хоҳад гирифт. 

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар масъалаҳои ҳамкорӣ боз ҳам васеъ баррасӣ мешаванд ва равобити дӯстона ҳар чи зиёдтар таҳким меёбанд.

Зимнан, дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии ӯ бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  ва дигар чеҳраҳои расмии ин кишвар дар назар аст.

Шарифзода ҳамчунин гуфт, ки дар Ӯзбекистон имзои як қатор санадҳо миёни ду кишвар пешбинӣ мешавад.

Ҳамзамон дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар соли 2021 гардиши савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 447,8 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2020 он 114 млн доллар (34,2%) зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо сари қудрати омадани президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев равобитии сард миёни ду кишвар, ки солҳо боз идома дошт, рӯ ба нармӣ овард. Ҳамин тариқ, баъди сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 муносибат байни ду кишвар пурра тағйир ёфт. 

Моҳи марти соли 2018 ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсоя бераводид ба муҳлати то 30 рӯз иҷоза доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.