Дар Ереван боз 100 нафари дигарро барои эътирозҳо боздошт карданд

Бештар аз 100 мухолифи эътирозгарро рӯзи душанбе дар Ереван боздошт карданд. Се корманди пулис захм бардошта, бистарӣ шудааст. Субҳи рӯзи душанбе иштирокдорони "Ҳаракати нофармонӣ"-и мухолифон дар маркази шаҳри Ереван, пушти дари бинои ҳукумати Арманистон ҷамъ шуданд. Намояндагони мухолифон мехостанд, ба ҳузури вазирон роҳ ёбанд. Пулис ба мухолифон иҷозаи вуруд надод ва баъди он рӯёрӯӣ шуруъ […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Бештар аз 100 мухолифи эътирозгарро рӯзи душанбе дар Ереван боздошт карданд. Се корманди пулис захм бардошта, бистарӣ шудааст.

Субҳи рӯзи душанбе иштирокдорони "Ҳаракати нофармонӣ"-и мухолифон дар маркази шаҳри Ереван, пушти дари бинои ҳукумати Арманистон ҷамъ шуданд. Намояндагони мухолифон мехостанд, ба ҳузури вазирон роҳ ёбанд.

Пулис ба мухолифон иҷозаи вуруд надод ва баъди он рӯёрӯӣ шуруъ шуд.

Эътирозҳои оммавӣ зидди сарвазири Арманистон Никол Пашинян моҳи апрел шуруъ шуд. Мухолифон сарвазир ва ҳукумати ӯро дар қасди имзои созишнома бо Озарбойҷон айбдор мекунанд. Созишномае, ки ба бовари мухолифон, мумкин аст, Қарабоғи Куҳӣ ба тамом ба ихтиёри Озарбойҷон дода шавад.

Никол Пашинян соли 2018 дар натиҷаи эътирозҳои оммавӣ сари қудрат омад. Соли 2021 вай дубора ба мақоми сарвазирӣ интихоб гардид. Дар давраи сарвазирии Пашинян Арманистон дар низоъи мусаллаҳона бо Озарбойҷон қисме аз заминҳои баҳсиро дар Қарабоғи Куҳӣ аз даст дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.