Дар Қирғизистон хонаи президенти пешин Алмосбек Отамбоевро давлатӣ карданд

Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон манзили президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дар деҳаи Кой-Тош ба тавозуни давлат даровард. Дар ин бора Медер Машиев, муовини роҳбари Бунёди идораи амволи Қирғизистон хабар дод. Машиев гуфт, ин манзил рӯзи 30 май ба тавозуни давлат дароварда шуд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, дида мешавад, вакилони […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон манзили президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дар деҳаи Кой-Тош ба тавозуни давлат даровард. Дар ин бора Медер Машиев, муовини роҳбари Бунёди идораи амволи Қирғизистон хабар дод.

Машиев гуфт, ин манзил рӯзи 30 май ба тавозуни давлат дароварда шуд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, дида мешавад, вакилони мудофеи Алмосбек Отамбоев бо кормандони Бунёди идораи амволи давлатӣ баҳс доранд. Аз наздикони Отамбоев дархост шуд, ки давоми се рӯз манзилро холӣ кунанд.

"Мо бо талаби қонунӣ инҷо омадем, ин амволи давлат аст", – гуфт Канат Рисқулов, намояндаи дигари Бунёди амволи давлатии Қирғизистон.

Сергей Слесарев, вакили мудофеи Отамбоев гуфт, ки хонаводаи президенти пешин дар бораи давлатӣ кардани манзил огоҳӣ надошт.

"На мо, на хонаводаи президенти пешин ҳеч санади тасдиқкунанда надорем. Санаде ба мо диҳед, ки мо онро баҳо дода тавонем. Ҳоло шумо мегӯед, ки ин манзил давлатӣ аст. Дар кадом асос? Бе ҳузури Отамбоев шумо санад тартиб додед", – гуфт Слесарев.

Рӯзи 23 июни соли 2020 додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон Отамбоевро ба 11 солу 2 моҳи зиндон, бо мусодираи амвол маҳкум кард. Отамбоевро дар озодсозии ғайриқонунии соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев аз зиндон айбдор карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.