Садои кӯдакон ва ҷавонони Тоҷикистон дар масъалаи дастрасии умумӣ ва баробар ба об

Ҷавонону кӯдакони Тоҷикистон садои худро дар масъалаи дастрасӣ ба об тавассути таронае расониданд, ки дирӯз дар Анҷумани ҷавонону кӯдакони ЮНИСЕФ дар умури об пешниҳод шуд. Матни ин тарона, ки аз сӯйи Алия Эрадж 11-сола ва Тӯпчӣ Малокбозов 14-сола навишта шуда буд, ки пешакӣ бо ҳамсолони худ дар масъалаи дастрасӣ ба об ва истифодаи самараноки он […]

Иттилоияи расмӣ

Ҷавонону кӯдакони Тоҷикистон садои худро дар масъалаи дастрасӣ ба об тавассути таронае расониданд, ки дирӯз дар Анҷумани ҷавонону кӯдакони ЮНИСЕФ дар умури об пешниҳод шуд.

Матни ин тарона, ки аз сӯйи Алия Эрадж 11-сола ва Тӯпчӣ Малокбозов 14-сола навишта шуда буд, ки пешакӣ бо ҳамсолони худ дар масъалаи дастрасӣ ба об ва истифодаи самараноки он ҳамсуҳбат шуда буданд.

“Мо садои пиряхҳои дар ҳоли обшавӣ ҳастем, мо садои тағйирем” – ибораҳои калидии тарона буданд, ки банду басти мусиқии онро гуруҳи “Авесто” карда буд. Эҷоди тарона барои форум дар доираи барномаи ширкати наврасони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Дар идомаи рӯнамоии таронаи форум, ЮНИСЕФ видеои воқеияти маҷозиеро пешкаш кард, ки дар бораи захираҳои ғании обии Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба зиндагии сокинони кишвар, бахусус кӯдакон нақл мекунад. Ин видео бо дастгирии  Иттиҳоди Аврупо рӯйи кор омад.

Дар ду рӯзи оянда ин видеоро мешавад дар утоқи махсуси муҷаҳҳазшуда дар Кохи Сомон, ки дар он ҳамаи меҳмонон ва ширкатдорони кишварҳо метавонанд ба таври маҷозӣ бар фарози кӯли Сарез парвоз кунанд ва пиряхи Федченкоро бубинанду аз НБО Роғун боздид кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.