Беморхонаи марказии вилояти Суғд пас аз 8 моҳи таваққуф ба кори муқаррарии худ баргашт, хабар дод ба "Азия-Плюс" як манбаъ аз ин беморхона. Ин бемористон охири моҳи апрел ба муассисисаи пизишкиии махсус барои муолиҷаи маризони гирифтори илтиҳоби шуш ё пневмония табдил дода шуда буд.
“Рӯзи гузашта як қисми беморхона, ки қисми “В” гуфта мешавад, ба фаъолияти муқаррарии худ баргашт. Ҳоло 11 бемор дар ин ҷо бистарӣ гардида, беморони дигар ҳам пазируфта мешаванд”, – гуфт манбаъ.
Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд яке аз бузургтарин табобатгоҳҳо дар кишвар ҳисоб мешавад, ки аз 26 шуъба иборат аст ва наздик ба 800 нафар корманд дар бахши пизишкӣ дорад.
Масъулин мегӯянд, давоми 20 рӯз корҳои зиддиуфунӣ кардани асбобу лавозимот ва утоқҳои беморхона давом карда, пас аз хулосаи мусбати мақомоти зидахл кори рӯзмараи қисмати “В” иҷоза дода шудааст. Ҳоло ба 10 шуъбаи беморхона рухсат дода шудааст, ки мисли пештара ба муолиҷаи маризон машғул шаванд.
Ҳафтаи гузашта сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ба “Азия-плюс” гуфта буд, ба ғайр аз Беморхонаҳои сироятии шаҳру ноҳияҳо, дигар муассисаҳои тандурустӣ ба фаъолияти муқаррарии худ баргашта истодаанд.
Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Абдумавлон Абдуллозода низ ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки барои ба кори муқаррарӣ оғоз намудани қисмати “В”-и Беморхонаи вилоятӣ ба мо мактуб омада буд." Мо пас аз омӯзиш иҷоза додем", – иброз дошт ӯ.
Сарфи назар аз коҳиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, масъулони соҳа аз мардум даъват мекунанд, ки ҳангоми гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода карда, фосилаи иҷтимоиро ҳатман риоя кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.