Мудирони нави Осорхонаи миллӣ, Маркази барномаҳои байналмилалии маориф ва раиси Шаҳринав

Дар идомаи тағйироти кадрии имрӯз, мудири Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мудири Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм ва муовинони мудири Маркази миллии тестии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳам барканор шуданд ва ба ҷойи онҳо мақомдорони нав таъин шуданд. Зафаршо Иброҳимзода, ки то ин вақт муовини мудири Осорхонаи миллӣ буд, ҳоло мудири ин Осорхона таъин шуд. Мудири пешини […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Дар идомаи тағйироти кадрии имрӯз, мудири Осорхонаи миллии Тоҷикистон, мудири Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм ва муовинони мудири Маркази миллии тестии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳам барканор шуданд ва ба ҷойи онҳо мақомдорони нав таъин шуданд.

Зафаршо Иброҳимзода, ки то ин вақт муовини мудири Осорхонаи миллӣ буд, ҳоло мудири ин Осорхона таъин шуд. Мудири пешини Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин шуд.

Рамазон Одиназода, ки то чанде пеш раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони илму маориф буд, ба ҷойи Исматулло Шодиён мудири Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм таъин шуд.

Уктам Олимҷонзода ва  Абдулвосит Шодиниё вазифаҳои муовини мудири Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон соҳиб шуданд. 

Илҳомҷон Қодирӣ, декани собиқи факултаи филолгияи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави Бохтар мудири Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон таъин шуд. Алимардонзода Ориф Алимардон аз вазифаи мудирии ин Мактаб барканор шуд.

Ҷӯразода Кабир Каримҷон ҳам бидуни зикри барканорӣ аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод карда шуд.

Ҳамчунин Вализода Абдуқодир Исуф шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба ҷойи Ҷаббор Носирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъин шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.