Дар марзи Қирғизистон бо Ӯзбекистон боз як нақби махфӣ ошкор шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар наздикии марзи ин кишвар бо Ӯзбекистон як нақби махфии дигар ошкор шудааст. Гуфта мешавад, нақби махфӣ барои қочоқи молро дар манзили як сокини шаҳри Қарасуи вилояти Ӯши Қирғизистон ошкор кардаанд. Ба иттилои кумита, соҳибхона моҳи сентябри соли 2021 бо шахсони дар ҳоли ҳозир номаълум созиш карда, […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар наздикии марзи ин кишвар бо Ӯзбекистон як нақби махфии дигар ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, нақби махфӣ барои қочоқи молро дар манзили як сокини шаҳри Қарасуи вилояти Ӯши Қирғизистон ошкор кардаанд.

Ба иттилои кумита, соҳибхона моҳи сентябри соли 2021 бо шахсони дар ҳоли ҳозир номаълум созиш карда, барои интиқоли маҳсулоти ниёзи аввал ва асъори хориҷӣ ба берун аз Қирғизистон нақбро кандааст.

Зикр мегардад, ки гумонбар ҳангоми бозпурсӣ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, барои ҳамкорӣ бо муфаттишон изҳори омодагӣ кардааст.

Қаблан дар деҳаи Телмани Қарасу низ чунин нақб пайдо шуда буд. Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, нақб дар умқи 15 метр ва дар фосилаи 40 метр аз марз ҷойгир буд. Дарозии он 270 метрро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.