Сел дар Варзоб ва ғарқ шудани кӯдакони 6 ва 1-сола дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ванҷ

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳодисаҳои фаромадани сел, инчунин далелҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳои кишвар ба қайд гирифта шуданд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, соати 16:00-и рӯзи 13 май боришоти шиддатнок ба фаромадани лойқа дар қаламрави деҳаи Гажнеи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб боис шуд. Бар асари фаромадани сел ҳавлӣ ва […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳодисаҳои фаромадани сел, инчунин далелҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳои кишвар ба қайд гирифта шуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, соати 16:00-и рӯзи 13 май боришоти шиддатнок ба фаромадани лойқа дар қаламрави деҳаи Гажнеи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб боис шуд.

Бар асари фаромадани сел ҳавлӣ ва чор хона бо лойқа пур шуда, сокинони онҳо ба макони бехавф интиқол дода шуданд. Ҳамчунин бар асари сел километри 32-юми роҳи Душанбе – Варзоб муваққатан баста шуд.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, инчунин Гуруҳи кории Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, дар ин ҷойҳо бо техникаи махсус корҳо ба роҳ монда шуданд.

Рӯзи 13 июн дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд. Соати 17:30 як ҷавнозан ба шуъбаи навбатдории Кумита занг зада, хабар дод, ки писари 6-солааш ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Имдодгарони Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, корҳои ҷустуҷӯӣ ҷараён доранд.

Дирӯз дар соҳили дарёи Панҷ, ки тариқи деҳаи Даштаки ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ мегузарад, сокинони маҳаллӣ ҷасади зани 20-солаи сокини деҳаи Язғуломи ҳамин ноҳияро дарёфтаанд, ки 1 июни соли ҷорӣ бо сабабҳои номаълум бо писарчаи 1-солааш худро ба дарё партофтааст. Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.