Дар Ӯзбекистон ду занеро, ки мехостанд ба Тоҷикистон 356 ҳазор доллар баранд, боздошт карданд

Date:

Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд ду занеро, ки тариқи қочоқ 356 ҳазор долларро ба Тоҷикистон гузарониданӣ буданд, боздошт намуд, хабар медиҳад Раёсати ин Хадамот.

Гуфта мешавад, занони сокини Бекобод ин корро бо дархости шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд иҷро мекарданд ва бояд барои “хидмати худ” мукофотпулӣ мегирифтанд.

“Занон дар гузаргоҳи Бекобод боздошт шуда, зимни азназаргузаронии шахсии онҳо маълум мешавад, ки зани 42-солаи сокини шаҳр 166 ҳазор доллар ва зани 28-солаи ҳамсафари ӯ – 190 ҳазор долларро пинҳон кардаанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати занон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот роҳандозӣ шудааст.

Дар бораи шахсияти занону ба чӣ кор машғул будани онҳо маълумот дода намешавад.

Хадамот инчунин навори видеои боздошти занонро нашр кардааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...