Поинравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ ҳамоно идома дорад

Поинравии қурби доллар ва евро нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ ҳамоно идома дорад. Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 15 июн 1 доллар 11,02 сомонӣ нарх дошта, дирӯз, 14 июн қимати он ба 11,14 сомонӣ баробар буд. Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро ба 1 ҳазору 90 сомонӣ харида, 1 ҳазору 110 […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Поинравии қурби доллар ва евро нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ ҳамоно идома дорад.

Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 15 июн 1 доллар 11,02 сомонӣ нарх дошта, дирӯз, 14 июн қимати он ба 11,14 сомонӣ баробар буд. Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро ба 1 ҳазору 90 сомонӣ харида, 1 ҳазору 110 сомонӣ мефурӯшанд.

Қурби евро низ мувофиқи қурби БМТ ноустувор аст. Имрӯз 1 евро ба 11,52 сомонӣ баробар буда, дирӯз – 11,65 сомонӣ нарх дошт.

Тибқи қурби расмӣ, имрӯз ба ивази 1000 рубл 177 сомонӣ медиҳанд. Дар “бозори сиёҳ” 1000 рублро 173 сомонӣ харида, 174 сомонӣ мефурӯшанд.

Тамоили болоравии қурби сомонӣ нисбат ба доллар аз нимаи моҳи апрел ба назар мерасад. Пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид.

Қурби рубл нисбат ба доллар имрӯз аз ҷониби Бонки марказии Русия дар сатҳи 57,0926 рубл барои 1 доллар муқаррар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.