Сокини Панҷ падари 78-солаашро бо болға зада куштааст

Сокини ноҳияи Панҷ Муҳаммад Исанқулов ба гумони даст доштан дар куштори падари 78-солааш боздошт шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. Гуфта мешавад, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Намунаи ҳамин ноҳия Аваз Бӯстонови 78-сола рӯзи 7 июн кушта шудааст. Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ гумонбаршуда – писари ӯ Муҳаммад Исанқулов боздошт шудааст. “Ба гуфтаи […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сокини ноҳияи Панҷ Муҳаммад Исанқулов ба гумони даст доштан дар куштори падари 78-солааш боздошт шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Намунаи ҳамин ноҳия Аваз Бӯстонови 78-сола рӯзи 7 июн кушта шудааст.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ гумонбаршуда – писари ӯ Муҳаммад Исанқулов боздошт шудааст.

“Ба гуфтаи гумонбаршуда, падару писар ҳамроҳ машрубот нӯшида, сипас байни онҳо ҷанҷол сар мезанад. Писар болғаро гирифта ба сари падар мезанад. Сипас ӯ ба дастону пойҳои паараш низ якчанд зарба мезанад”, – зикр мекунад милитсия.

Нисбати Муҳаммад Исанқулов мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Гумонбаршуда қаблан бо моддаи 141-и КҶ ҶТ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) маҳкум шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.