Тоҷикистон ба Ӯзбекистон таҷрибаи узвияти худ ба СҶТ-ро пешниҳод кард

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои Ӯзбекистон Бадриддин Абидов ҷараёни узвияти Ӯзбекистонро ба ҳайати Созмони ҷаҳонии тиҷорат баррасӣ карданд. Ин мулоқот дар дар ҳошияи Конфронси 12-уми серӯзаи вазирони СҶТ дар Женева, ки рӯзи 15 июн ба кори худ хотима бахшид, баргузор шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои Ӯзбекистон Бадриддин Абидов ҷараёни узвияти Ӯзбекистонро ба ҳайати Созмони ҷаҳонии тиҷорат баррасӣ карданд.

Ин мулоқот дар дар ҳошияи Конфронси 12-уми серӯзаи вазирони СҶТ дар Женева, ки рӯзи 15 июн ба кори худ хотима бахшид, баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ба Ӯзбекистон пешниҳод шуд, ки дар ҷараёни шомил гардидан ба ҳайати СҶТ бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода кунад.

“Дар охири вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ иброз намуданд”, – омадааст дар хабар.

Қобили зикр аст, ки дархости аввалини Ӯзбекистон дар мавриди пазируфта шудан ба сифати узви комилҳуқуқ ба ҳайати СҶТ соли 1994 пешниҳод шуда, лекин бо сабаби пӯшида будани кишвар замони сари ҳокимият будани собиқ президент Ислом Каримов, солҳои тӯлонӣ давом кард ва танҳо соли 2017 бо сари мансаб омадани президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дубора рӯйи кор омад.

Созмони ҷаҳонии тиҷорат 1 январи соли 1995 таъсис ёфта, 164 кишвари саросари дунёро муиттаҳид мекунад. Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 пас аз гуфтушунидҳои 11-сола ба сифати узви 159-уми комилҳуқуқ ба ҳайати Созмон пазируфта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.