Солҳои пешин имрӯзҳо маркази пойтахт серодам буд, зеро сокинон барои сайругашт ва аксбардорӣ назди арчаи солинавӣ мерафтанд. Мутассифона, имсол майдон камодам аст, зеро баргузории чорабиниҳои идонаи серодам дар ҷумҳурӣ бар асари пандемияи коронавирус манъ шуд.
Бароятон суратҳои арчаи асосии солинавии шаҳри Душанберо дар солҳои гуногун гирдоварӣ намудем.
Ёдрас мекунем, ки 18 ноябр бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ ва шаҳрдории пойтахт, бар асари пандемияи коронавирус таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон манъ шуда, арчаи солинавӣ низ дар Душанбе гузошта намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.