Роҳандозии амалиёти «Нелегал-2022» дар Хатлон

Мақомоти вилояти Хатлон  дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо СПАД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ амалиёти «Нелегал-2022»-ро барои ошкор кардани афроди ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар иқоматдошта роҳандозӣ карданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, амалиёт бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мақомоти вилояти Хатлон  дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо СПАД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ амалиёти «Нелегал-2022»-ро барои ошкор кардани афроди ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар иқоматдошта роҳандозӣ карданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, амалиёт бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят, ҳамзамон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки рафти амалиёт аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардида истодааст.

Хотирасон мекунем, ки амалиёти нерӯҳои амниятӣ аз 27 июн оғоз гардида, то 4 июл идома хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст