Як зодаи Тоҷикистон барои интиқоли пул ба ДОИШ 9 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубӣ (ҳокимияти судиро дар қаламрави 15 субъекти Русия амалӣ мекунад) зодаи Тоҷикистон Файзалӣ Ҳалимхоновро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 29 июн ба “Лента.ру” аз хадамоти матбуоти додгоҳ хабар додаанд. Ӯ мутобиқи моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия (Мусоидат ба фаъолияти террористӣ) гунаҳкор дониста шудааст. Тибқи маълумоти парвандаи […]

Asia-Plus

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубӣ (ҳокимияти судиро дар қаламрави 15 субъекти Русия амалӣ мекунад) зодаи Тоҷикистон Файзалӣ Ҳалимхоновро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 29 июн ба “Лента.ру” аз хадамоти матбуоти додгоҳ хабар додаанд.

Ӯ мутобиқи моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия (Мусоидат ба фаъолияти террористӣ) гунаҳкор дониста шудааст.

Тибқи маълумоти парвандаи ҷиноятӣ, тоҷикистонӣ барои маблағгузорӣ ба созмони террористии фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) аз озодӣ маҳрум шуд.

Додгоҳ муайян кардааст, ки Ҳалимхонов зимни дар Волгоград қарор доштанаш ба корти бонкие, ки реквизитҳояшро ба ӯ иштирокчии ДОИШ додааст, се ҳазор рубл маблағ гузаронидааст.

Аз дигар ҷузъиёти парванда хабар дода намешавад.

Гуфта мешавад, 29 июн ҳамин додгоҳ як зодаи дигари Тоҷикистон Хисрави Саидзодаро ба даст доштан дар терроизм ва омода кардани амали террористӣ дар қаламрави кишвари Ставропол гунаҳкор дониста, ба 15,6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ҷараёни тафтишот муайян шудааст, ки моҳи марти соли 2021 ӯ ба сафи созмони “Давлати исломӣ” пайваста, моҳи апрел ба чанде аз шахсон ҷиҳати омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ дар қаламрави кишвари Ставропол кумак кардааст.

Тибқи фарзияи тафтишот, Саидзода аз ҷумла барои тайёр кардани дастгоҳи таркандаи худсохт қисму ҷузъҳои зарурӣ харида, чунин дастгоҳро месозад ва дар хонаи иҷорааш нигаҳдорӣ мекардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.