Нархи “солярка” дар Тоҷикистон якбора боло рафт

Арзиши сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон тайи ҳафтаи ахир ба андозаи 7% – аз 12 сомонӣ то 12,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт. Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ нархи ин навъи сӯзишворӣ тақрибан ба ҳамин миқдор зиёд шуд. Як литр сӯзишвории дизелӣ дар вилояти Суғд дирӯз, 30 июн 13,4 сомонӣ нарх […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Арзиши сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон тайи ҳафтаи ахир ба андозаи 7% – аз 12 сомонӣ то 12,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт. Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ нархи ин навъи сӯзишворӣ тақрибан ба ҳамин миқдор зиёд шуд.

Як литр сӯзишвории дизелӣ дар вилояти Суғд дирӯз, 30 июн 13,4 сомонӣ нарх дошта, чанде рӯз пеш бо арзиши 12,4 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Нархи чаканаи сӯзишвории дизелӣ дар вилояти Хатлон вобаста ба шаҳру навоҳии ин минтақа имрӯз 13-14 сомониро ташкил медиҳад, ки 0,8-1 сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳафтаи гузашта аст.

Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, давоми моҳҳои январ-майи соли равон нархҳои чакана ба сӯзишвории дизелӣ дар ҷумҳурӣ 8,4% боло рафтанд.

Сабаби болоравии ин навъи сӯзишвориро дар Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба афзоиши талабот ба ин навъи сӯзишворӣ ва мутаносибан гароншавии он дар кишварҳои содиркунанда нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, тайи вақтҳои ахир арзиши дигар навъҳои сӯзишворӣ барои автомашинаҳо қариб бетағйир боқӣ мемонад.

Як литр бензини арзонтарин (АИ-92) дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт 10,6 сомонӣ, дар Хуҷанд ва Кӯлоб – 10,8 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Нархи гази моеъ низ тағйир наёфта, имрӯз арзиши чаканаи он дар Душанбе ва Хуҷанд 6,10 сомонӣ ва Кӯлоб – 6,20 сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, арзиши бензин дар ҷумҳурӣ тайи панҷ моҳи аввали соли 2022 ба андозаи 1,8% ва гази моеъ – 16,1% поин рафтааст.

Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 230 млн доллар ҳудуди 290 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст. Ҳаҷми воридот аз рӯи вазн ба андозаи 39% ва аз лиҳози арзиш – 2 баробар зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид шуда, зиёда аз 90%-и гази моеъ аз Қазоқистон оварда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.