Дар Тоҷикистон тартиби нави баргардонидани ААИ муқаррар шуд

Ҳукумати Тоҷикистон Тартиби нави баргардонидани маблағи барзиёд ҳисобшудаи Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро тасдиқ намуд. Дар Тартиби пешинаи соли 2006-ум қабулшуда, баргардонидани ААИ нисбат ба андозсупорандагоне татбиқ мешуд, ки дар меъёри сифри онҳо на камтар аз 70%-и гардиш дар давраи ҳисоботӣ қарор дошт. Акнун аз Тартиб ибораи “70% гардиши андозбандишаванда” хориҷ шуд, яъне андозҳои барзиёд […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон Тартиби нави баргардонидани маблағи барзиёд ҳисобшудаи Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро тасдиқ намуд.

Дар Тартиби пешинаи соли 2006-ум қабулшуда, баргардонидани ААИ нисбат ба андозсупорандагоне татбиқ мешуд, ки дар меъёри сифри онҳо на камтар аз 70%-и гардиш дар давраи ҳисоботӣ қарор дошт.

Акнун аз Тартиб ибораи “70% гардиши андозбандишаванда” хориҷ шуд, яъне андозҳои барзиёд пардохтшударо метавон ба онҳое ҳам баргардонид, ки дар онҳо 100%-и гардиш тибқи меъёри сифр андозбандӣ мешавад.

Маблағи барзиёд ҳисобшудаи ААИ дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз замони гирифтани аризаи андозсупоранда баргардонида мешавад.

Ҳама гуна бақияи барзиёд бояд аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар муддати 30 рӯз аз замони ба охир расидани шаш давраи андоз баргардонида шавад.

Давраи андоз вақтест, ки бо анҷоми он маблағи андоз гузаронида мешавад. Давраи андоз метавонад ба якчанд давраи ҳисоботӣ тақсим карда шавад.

Маблағи барзиёд ҳисобшудаи ААИ бо пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда гузаронида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ААИ андози бавосита буда, дар тамоми давраҳои гардиши мол (иҷрои кор, хидматрасонӣ) пардохт мешавад.

Дар Тоҷикистон се навъи меъёр ба ААИ истифода мешавад: меъёри стандартӣ – 15%, пасткардашуда – 7% ва меъёри сифр, ки барои содироти мол, бо чанде истисно, масалан, маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда.

Тибқи омори расмӣ, 44% аз ҳаҷми умумии воридоти маблағ аз андоз ба буҷети давлатии Тоҷикистонро тайи солҳои ахири 2010-2020 ААИ ташкил дод буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.