Панҷ мушак ба қаламрави Ӯзбекистон афтодааст, эҳтимол аз Афғонистон

Баъд аз зуҳри 5 июл дар минтақаи марзии Ӯзбекистон афтидани панҷ мушак, ки эҳтимол аз қаламрави Афғонистон партоб шудааст, мушоҳида шуд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҳангоми афтидани мушакҳо таркиш ба амал наомада, дар натиҷа талафоти инсонӣ ва тахриб дар пай надоштааст. "Дар маҳаллаи "Маҷнунтол"-и Тирмиз ба чаҳор хонаи шахсӣ хисороти ночиз расида, мушаки панҷум […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Баъд аз зуҳри 5 июл дар минтақаи марзии Ӯзбекистон афтидани панҷ мушак, ки эҳтимол аз қаламрави Афғонистон партоб шудааст, мушоҳида шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҳангоми афтидани мушакҳо таркиш ба амал наомада, дар натиҷа талафоти инсонӣ ва тахриб дар пай надоштааст.

"Дар маҳаллаи "Маҷнунтол"-и Тирмиз ба чаҳор хонаи шахсӣ хисороти ночиз расида, мушаки панҷум аз майдони футбол пайдо шуд." – омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад айни ҳол мақомоти қудратии Ӯзбекистон ба ҳамроҳи тарафи Афғонистон дар ҳоли анҷоми иқдомоти лозим барои муайян кардани сабаби ин ҳодиса ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки  бино ба гузориши гурӯҳи SITE, шохаи “Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 18-уми апрел гуфта буд, ба як пойгоҳи низомии Ӯзбекистон дар шаҳри наздимарзии Тирмиз 10 мушак партофт.

Сухангӯи президенти Ӯзбекистон, Шерзод Асадов, рӯзи 19-уми апрел хабарҳоро дар бораи он ки гӯё марзбонони ин кишвар аз хоки Афғонистон мушакборон шудаанд, беасос хонда буд.

Ҳукумати Ӯзбекистон ва Вазорати дифоъ ҳам иддаои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар мавриди ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба ҳуҳуди кишварро рад карда буд.

Он замон гуруҳи "Толибон" ҳам хабарҳои ҳамлаи гуруҳи ДОИШ аз Афғонистон ба Ӯзбекистонро рад карда буданд. Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, 19 апрел бо интишори твите партоб шудани ракет аз хоки Афғонистон ба шаҳри Тирмизи Ӯзбакистонро овоза хонда ва рад карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.