Ҷудокорони тоҷик ба Загреб раҳсипор мешаванд

Сайри ҷаҳонии ҷудо бо “Zagreb Grand Prix” идома меёбад, ки дар он 8 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мусобиқа дар шаҳри Загреби Хорватия 15-17 июл ба нақша гирифта шудааст ва дар он иштироки 541 (313 мард, 228 зан) варзишгар аз 71 давлат дар назар аст. Ба […]

Asia-Plus

Сайри ҷаҳонии ҷудо бо “Zagreb Grand Prix” идома меёбад, ки дар он 8 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мусобиқа дар шаҳри Загреби Хорватия 15-17 июл ба нақша гирифта шудааст ва дар он иштироки 541 (313 мард, 228 зан) варзишгар аз 71 давлат дар назар аст.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз кишвари мо 8 варзишгар ба Хорватия сафарбар мегарданд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Муҳаммад Маҳмадизода (ҳар ду дар вазни -60кг), Шаҳбоз Саидаброров ва Алиҷон Сафаралиев (ҳарду – 66кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён (ҳар ду дар вазни -90кг).

Гуфта мешавад, дар рӯзи аввали мусобиқа – 15 июл – мо шоҳиди ҳунари 4 варзишгарамон дар вазнҳои -60кг ва -66кг мегардем. Дар рӯзи дуюм ду варзишгарамон – -73кг ва -81кг, дар рӯзи сеюм низ ду варзишгарамон – -90кг нерусанҷӣ мекунанд.

Чун анъана, ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал ҷоизапулӣ дода мешавад. Дар ҳар вазн ғолибон бо 3 ҳазор евро, барандагони медали нуқра –  бо 2 ҳазор евро ва барандагони медали биринҷӣ бо 1 ҳазор евро мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар мусобиқаи пешини сайри ҷаҳонии ҷудо дар Будапешт, ки рӯзҳои 8-10 июл доир гардид, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ҳар ду зинаи 7-умро ишғол намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.