Дарёфти ҷасади кӯдаки 12-сола дар Душанбе баъди 12 рӯзи ғарқшавӣ

Наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  дар Душанбе ҷасади духтараки 12-соларо аз обанбори канори Боғи Айнӣ берун овардаанд. Бино ба иттилои КҲФ, ин духтар ҳамроҳ бо хоҳари  10-солаи худ дар обанбори канори Боғи Айнӣ рӯзи 1 июл ҳангоми убур дар ҷои пешбининашуда ба канал афтода, ғарқ шуда буд. Ҷасади якеро наҷотбахшони Кумита худи ҳамон рӯз пайдо […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  дар Душанбе ҷасади духтараки 12-соларо аз обанбори канори Боғи Айнӣ берун овардаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ин духтар ҳамроҳ бо хоҳари  10-солаи худ дар обанбори канори Боғи Айнӣ рӯзи 1 июл ҳангоми убур дар ҷои пешбининашуда ба канал афтода, ғарқ шуда буд.

Ҷасади якеро наҷотбахшони Кумита худи ҳамон рӯз пайдо карда, ба наздиконаш супорида буданд ва  кофтукови дувумин идома дошт.

Хуршед Ҳамроев, падари духтарони ғарқшуда – Мунаввараи 12-сола ва Марями 10-сола, ки рӯзи якуми июл дар обанбори канори Боғи Айнии пойтахт ғарқ шуда буданд, қаблан аз ҳукумати шаҳри Душанбе хоста буд, чанд соат оби обанбори канори Боғи Айниро хушк кунанд, то наҷотбахшон тавонанд ҷасади духтарашро пайдо намоянд.

«Мавҷи об тезу сард аст, ёфта наметавонанд. Ҳукумат обро хушк кунад, даромада кӯдакро гиранд," – гуфта буд Хуршед Ҳамроев рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ.

Ҳамроев гуфтааст, ки бо сабаби набудани панҷара духтаронаш ба канали обрез даромадаанд, ки атрофи он панҷара печонида шудааст

Қаблан КҲФ бо нашр намудани хабари дарёфти ҷасади духтари 10-сола аз тамоми тоҷикистониёни муқими кишвар даъват намуд, ки дар наздикии кӯлу дарёҳо фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки то 15 июни соли равон беш аз 60 нафар дар рӯду каналҳои кишвар ғарқ шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.