Ягона намояндаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ба ҳадафаш расид

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони ИМА ҷараён дорад, намояндаи Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи давидан ба масофаи 100 метр дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар дастааш дуюм шуда ба мара расид ва ба даври гурӯҳӣ роҳхат гирифт. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ӯ дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони ИМА ҷараён дорад, намояндаи Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи давидан ба масофаи 100 метр дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар дастааш дуюм шуда ба мара расид ва ба даври гурӯҳӣ роҳхат гирифт.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ӯ дар марҳилаи интихобӣ миёни 28 нафар 9-ум шуда, вале дар даври дуюм дар гурӯҳаш натиҷаи 10.85 сонияро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Дар даври дуюм миёни 57 нафар 55-ум шуд.

Гуфта мешавад, ба ҳар сурат, ӯ ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфт, ки ҳадафашро иҷро кард, зеро бори аввал як даванди тоҷикистонӣ тавонист ба даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон барояд.

Зикр мегардад, ки Илдар Аҳмадиев имсол дар дав ба масофаи 100 метр пас аз 36 сол бо натиҷаи 10.37 сония рекорди нави Тоҷикистонро гузошта буд.

Дар масофаи 100 метр миёни мардҳо се ҷои аввалро намояндагони ИМА ба даст оварданд. Фред Керлей бо натиҷаи 9.86 сония ҷои аввал, Марвин Бреси бо натиҷаи 9.88 сония ҷои дуюм, Трейвон Бромел бо натиҷаи 9.88 сония ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Рекорди ҷаҳонӣ дар масофаи 100 метр миёни мардҳо ба Усэйн Болт (Ямайка) мансуб аст (9.58), ки соли 2009 гузоштааст.

Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-2022 ба ғолибон 70 ҳазор, гирандагони медали нуқра – 30 ҳазор ва дорандагони медали биринҷӣ – 22 ҳазор доллар мукофотпулӣ дода мешавад. Ғайр аз ин, варзишгарони зинаҳои аз 4 то 8-ум (финалистҳо) бо маблағи аз 5 то 16 ҳазор доллар қадрдонӣ мешаванд.

Варзишгароне, ки рекорди ҷаҳонӣ мегузоранд, мукофотпулии махсус – 100 ҳазор доллар мегиранд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои Созмони Варзиши сабуки ҷаҳонӣ, ки дар доираи чорабиниҳои ин чемпионат баргузор шуда, намояндаи Тоҷикистон – роҳбари Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров низ иштирок кард.

Дар ҷаласаи Шӯро тасмим гирифта шуд, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук соли 2023 дар Будапешт (Маҷористон) ва соли 2025 – дар Токио (Ҷопон) баргузор мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.