Дар Петербург 5 тоҷикистонӣ ҳамватани худро лату кӯб ва ғорат карданд

Дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербург як гуруҳи иборат аз 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо чӯбдаста (бита) ҳамдиёри худро лату кӯб ва ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Лекин базудӣ дастгир шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тавре ки портали Saint-Petersburg.ru хабар медиҳад, ҳодиса рӯзи 15 июл рух дода, як шоҳиди он […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербург як гуруҳи иборат аз 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо чӯбдаста (бита) ҳамдиёри худро лату кӯб ва ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Лекин базудӣ дастгир шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тавре ки портали Saint-Petersburg.ru хабар медиҳад, ҳодиса рӯзи 15 июл рух дода, як шоҳиди он ба хадамоти “112” хабар додааст.

Ӯ изҳор намудааст, ки 5 нафар як мардро бо дастачӯб лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳояшро гирифтаанд ва бо автомашинаи “Фолксваген” аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ӯ инчунин рақамҳои автомашинаро номбар кардааст.

Гуфта мешавад, ҷабрдида шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ӯ худаш ба мақомоти пулис муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки ҳамлагарон ба ӯ бо корду дастчӯб таҳдид намуда, сумкаашро гирифтаанд, ки дар он ҳуҷҷатҳову, чизҳои шахсӣ ва 25 ҳазор рубл пули нақдро нигаҳдорӣ мекардааст. Зарари умумиро муроҷиаткарда 55 ҳазор рубл арзёбӣ намудааст.

Дар ҷараёни амалиёти фаврии мақомоти пулис автомашина дарёфт ва 5 шаҳрванди Тоҷикистони синни аз 22 то 33-сола боздошт шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 161 Кодекси ҷиноятии ФР (ғоратгарӣ бо истифода аз зӯроварӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.