Боздошти тоҷири бозори «Корвон» барои фурӯши силоҳи сард

Як тоҷири бозори «Корвон»-ро барои фурӯши силоҳи сард боздошт ва ба мӯҳлати панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардаанд.   Бино бар иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, паҳнкунандаи силоҳ  ҳангоми гузаронидани корҳои санҷишӣ дар доираи амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт боздошт шудааст. РВКД дар шаҳри Душанбе аз ӯ соҳибкори инфиродӣ Зафар Чилаеви 44-сола, сокини […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як тоҷири бозори «Корвон»-ро барои фурӯши силоҳи сард боздошт ва ба мӯҳлати панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардаанд.  

Бино бар иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, паҳнкунандаи силоҳ  ҳангоми гузаронидани корҳои санҷишӣ дар доираи амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт боздошт шудааст.

РВКД дар шаҳри Душанбе аз ӯ соҳибкори инфиродӣ Зафар Чилаеви 44-сола, сокини пойтахт ном мебарад, ки ба фурӯши предметҳои халандаю бурранда (корд) машғул будааст.

– Зимни азназаргузаронӣ аз фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди кордҳои гуногунтамға, ки ба сифати силоҳи сард истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд, – омадааст дар хабари РВКД Душанбе.

Нисбат ба Зафар Чилаев  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.