Темур Раҳимов дар вазни худ ҷудокори №1 дар ҷаҳон шуд

Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 4-7 август дар Қазоқистон доир гардид, ҷудокорони тоҷик ба дарёфти 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ноил гардиданд. Дар вазни зиёда аз 100 кило Темур Раҳимов дар қувваозмоии финалӣ аз варзишгари Ҷопон Кокоро Кагеуре шикаст хӯрда, медали нуқра ба даст овард. Дар баробари медали нуқра, Раҳимов […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 4-7 август дар Қазоқистон доир гардид, ҷудокорони тоҷик ба дарёфти 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар вазни зиёда аз 100 кило Темур Раҳимов дар қувваозмоии финалӣ аз варзишгари Ҷопон Кокоро Кагеуре шикаст хӯрда, медали нуқра ба даст овард.

Дар баробари медали нуқра, Раҳимов 490 имтиёз ба даст оварда, бо 3980 имтиёз дар зинаи аввали радабандӣ (рейтинг)-и Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар вазни  +100 кг қарор гирифт.

Ба медали дуюми нуқра дар вазни то 81 кг Шодмон Ризоев шарафёб гардид. Дар қувваозмоии финалӣ ӯ бо қҷдокори Ҷопон Такеши Сасаки рақобат кард.

Боз як намояндаи Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар намояндаи Қирғизистон – Асад Масобиров дастболо шуд. Барои Сомон ин аввалин дастовард дар вазни -81кг мебошад. Аз ин пеш ӯ дар вазни -73кг гӯштин мегирифт.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷудокорони дигари кишвар – Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Абубакри Акобир (-100кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) мавқеи 5-ум ва Шаҳбоз Саидаброров (-66кг) мавқеи 7-умро ишғол намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чемпионат 168 варзишгар (97 мард, 71 зан) аз 17 давлати қора ширкат карданд. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.