Размикорони навраси тоҷик дар чемпионати ҷаҳон 7 медали тилло ба даст оварданд

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта IMMAF байни ҷавонон дар Амороти Муттаҳидаи Араб мунтахаби Тоҷикистон зинаи 3-юмро ишғол намуд. Дар рӯзи охирини мумсобиқа Ислом Саидов дар вазни 52,2 кг байни варзишгарони синни 16-17-сола медали тилло ба даст овард, ки медали 7-уми тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар ин чемпионат аст. Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои умумидаставӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта IMMAF байни ҷавонон дар Амороти Муттаҳидаи Араб мунтахаби Тоҷикистон зинаи 3-юмро ишғол намуд.

Дар рӯзи охирини мумсобиқа Ислом Саидов дар вазни 52,2 кг байни варзишгарони синни 16-17-сола медали тилло ба даст овард, ки медали 7-уми тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар ин чемпионат аст.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои умумидаставӣ байни 42 кишвар мунтахаби Тоҷикистон мақоми 3-юмро касб кард.

Намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти 7 медали тилло, 5 – нуқра ва 9 – медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Дар ду рӯзи аввали мусобиқа байни варзишгарони синни 12-13-сола Хуршедҷон Шокиров дар вазни 37 кг, Суннатулло Наврӯзов дар вазни 34 кг ва Хайёмҷон Чӯянов дар вазни 31 кг, байни варзишгарон синни 14-15-сола Фарҳоди Давлаталӣ дар вазни 40 кг, Муҳаммад Саидзода дар вазни 52 кг ва Абӯбакр Алиҷонзода дар вазни 57 кг ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.