Дар вилояти Хатлон барои монеъа эҷод кардан ба таҳсилоти фарзандон нисбат ба 46 нафар волидони хонандагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо мутобиқи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии ҶТ муҷозот шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 2 сол ё ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Тавре дар прокуратураи вилояти Хатлон хабар доданд, соли 2020 дар доираи татбиқи қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” санҷишҳои прокурорӣ доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он нисбат ба 775 нафар волидон парвандаҳои маъмурӣ боз шудааст.
“Ҳамчунин 361 нафар кормандони муассисаҳои маориф ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб шуданд", – қайд карданд дар прокуратура.
Соли 2020 дар вилояти Хатлон 206 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки 14 ҳолат камтар нисбат ба соли 2019 аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.