Дар маҷлиси ҳукумат мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Date:

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 август маҷлиси ҳукумат баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлис нахуст ҳисоботи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумати ҶТ “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2020-2022” шунида шуд.

Гуфта мешавад, Барномаи мазкур фарогири маҷмуи тадбирҳоест, ки барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ шароит фароҳам оварда, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар замина мегузорад.

Бино ба маълумоти вазир, иҷрои дурнамои маҷмуии нишондиҳандаҳои Барнома барои солҳои 2020-2021 ва нимсолаи аввали соли 2022 дар сатҳи 99,8 фоиз таъмин карда шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ширин Амонзода

Давоми солҳои 2020-2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 353 ҳазору 402 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ 179 ҳазору 240 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардид. Ба 32 ҳазору 358 шаҳрванд ба муддати 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт карда шуд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дар солҳои 2020-2021 ва семоҳаи якуми соли 2022 дар Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт 421 ҳазору 726 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 156 ҳазору 623 ҷойи кори доимӣ мебошад.

Дар маҷлиси ҳукумат инчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, қонунҳо “Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ”, “Дар бораи рӯзҳои ид”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва “Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин масъалаҳо Дар хусуси Конвенсияи қолабӣ оид ба одоби сайёҳӣ, Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар ҶТ барои давраи то соли 2042 ва Дар бораи минтақаи сайёҳии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...