Михаил Горбачёв даргузашт

Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ шаби гузашта, дар сини 91-солагӣ, дар Маскав вафот кард. Ӯ бар асари бемории тӯлонӣ дар бемористон даргузашт. Расонаҳои русӣ менависанд, ки Михаил Горбачёв пас аз оғози бемории коронавирус ҳамеша зери назорати духтурон қарор дошт ва пайваста дар бемористон бистарӣ мешуд. Гуфта мешавад, ки ӯро дар қабристони Новодевиче, паҳлӯи ҳамсараш […]

Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ шаби гузашта, дар сини 91-солагӣ, дар Маскав вафот кард. Ӯ бар асари бемории тӯлонӣ дар бемористон даргузашт.

Расонаҳои русӣ менависанд, ки Михаил Горбачёв пас аз оғози бемории коронавирус ҳамеша зери назорати духтурон қарор дошт ва пайваста дар бемористон бистарӣ мешуд.

Гуфта мешавад, ки ӯро дар қабристони Новодевиче, паҳлӯи ҳамсараш Раиса Горбочёва дафн хҳанд кард.

Михаил Горбачёв охирин роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки аз 1985 то 1991 қудратро дар даст дошт. Дар замони роҳбарии худ ӯ ба бозсозӣ оғоз намуд ва қолабҳои сангини то ин дам шаклгирифтаро шикаст.

Ҳамчунин, ӯ муносибатҳои Иттиҳоди Шӯравиро бо давлатҳои Ғарб, аз ҷумла бо ИМА сода ва наздик намуд.

Мунаққидонаш Михаил Горбочёвро гунаҳкори аслии пошхӯрии давлати пуриқдори Иттиҳоди Шӯравӣ медонанд, ки дар пай ҷангу муноқиша ва заифшавии иқтисодиро дар қаламрави давлатҳои аъзои ин иттиҳод дошт.

Горбачёв 2 марти соли 1931 дар деҳаи Приволнои минтақаи Ставропол таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав буда, баъди хатми донишгоҳ солҳо дар мақомҳои гуногуни Ҳизби коммунист кор кардааст. Михаил Горбачёв соли 1956 котиби якуми Ҳизби комунисти шаҳри Ставропол ва соли 1970 вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

Баъди даҳ сол ба узвияти Бюрои сиёсии КПСС ворид шуд ва соли 1985 Михаил Горбачёв дар синни 54-солагӣ роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардид.

Соли 1990 Михаил Горбачёв барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид. Декабри соли 1991, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ аз мақоми президенти ин кишвар канор рафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.