Дар Душанбе шумори нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд карда шуд

Date:

Аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе 41,5% зиёд карда шуд. Дар ин бора аз шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бо сабаби зиёд шудани теъдоди мусофирон чунин тасмим гирифта шудааст.

“Аз 1 сентябр наздики 195 автобус ба хатти ҳаракат баромада, як рӯз пеш шумори онҳо 120 ададро ташкил дода буд”, – иттлоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо) низ 15% зиёд карда шуд.

“Дар Рӯзи дониш 1 ҳазору 104 адад микроавтобусҳо ба хатсайрҳои пойтахт раҳсипор шуданд”, – гуфт манбаъ.

Дар корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” зикр карданд, ки ин миқдор нақлиёти ҷамъиятӣ барои хидматрасонӣ ба аҳолӣ пурра кофӣ аст.

“Дар сурати минбаъд зиёд шудани теъдоди мусофирон, ба хатсайрҳои серталаб нақлиёти иловагӣ фиристода мешавад”, – иброз доштанд дар корхона.

Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ ва аз ҳад зиёд мусофиргирӣ дар он шикоят мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...