Дар Маскав Маркази фарҳангии Тоҷикистон боз мешавад

Дар шаҳри Маскав Маркази фарҳангиву намояндагии Тоҷикистон боз мешавад. Он дар маркази шаҳр бо суроғаи: кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская, х. 40 воқеъ аст. Айни замон дар ин ҷо “Маҷмааи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон” ҷойгир шудааст. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, минбаъд бепул ба ихтиёри Тоҷикистон додани иншооти мазкур ба нақша гирифта шудааст. Қаблан президенти […]

Инна Алишина, Asia-Plus

Дар шаҳри Маскав Маркази фарҳангиву намояндагии Тоҷикистон боз мешавад. Он дар маркази шаҳр бо суроғаи: кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская, х. 40 воқеъ аст. Айни замон дар ин ҷо “Маҷмааи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон” ҷойгир шудааст.

Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, минбаъд бепул ба ихтиёри Тоҷикистон додани иншооти мазкур ба нақша гирифта шудааст.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин зимни гуфтугӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи видео изҳор намуд, ки  ҳукумати Маскав барои таъсиси маркази фарҳанг дар маркази шаҳр бино ҷудо намуда, ҳамаи хароҷоташро ба уҳдаи худ мегирад.

“Ҳукумати Маскав дар бораи ба таври бебозгашт ба моликияти Федератсияи Русия супурдани бинои масоҳаташ 5,039 метри мураббаъ қарор қабул кард, ки ҳозир дар он маҷмааи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Минбаъд дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ ба таври бебозгашт ба ихтиёри Тоҷикистон додани иншооти ғайриманқули мазкур ҷиҳати дар он ҷойгир намудани маркази фарҳангиву намояндагӣ ба нақша гирифта шудааст”, – хабар додааст сухангӯи шаҳрдори пойтахти Русия, роҳбари хадамоти матбуот ва ҳукумати шаҳри Маскав Гулнора Пенкова.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.