“Шаҳри офтобии ман!”. Манижа аз оғози фурӯши билетҳо ба консерташ дар Душанбе хабар дод

Фурӯши билетҳо ба аввалин консерти Манижаи Сангин дар Тоҷикистон таҳти унвони “Шаҳри офтобӣ”, ки рӯзи 9 октябр дар толори “Кохи Суруш” доир мегардад, оғоз шуд. Дар ин бора худи Манижа, иштирокчии давраи финалии озмуни “Евровидение-2021” ва сафири ҳусни нияти Раёсати умури паноҳандагони СММ рӯзи 3 сентябр дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод. Манижаи Сангин […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Фурӯши билетҳо ба аввалин консерти Манижаи Сангин дар Тоҷикистон таҳти унвони “Шаҳри офтобӣ”, ки рӯзи 9 октябр дар толори “Кохи Суруш” доир мегардад, оғоз шуд. Дар ин бора худи Манижа, иштирокчии давраи финалии озмуни “Евровидение-2021” ва сафири ҳусни нияти Раёсати умури паноҳандагони СММ рӯзи 3 сентябр дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод.

Манижаи Сангин навишта (пост)-и худро “Душанбеи ман! Шаҳри офтобии ман!” унвон кардааст.

Билетҳоро аз ин ҷо дарёфт кардан мумкин аст.

Ёдрас мекунем, ки пас аз бекор шудани якчанд ҳунарнамоиҳо дар Русия, Манижа ба сафари ҳунарии «Неотменяемый тур» (Сафари ҳунарие, ки бекор намешавад) баромад, ки аз моҳи сентябр оғоз шуд.

Дар марҳилаи аввал ӯ ба Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меравад. Қисмате аз маблағи консертҳо ба Фонди дастгирӣ ва ҳифзи одамон дар шароитҳои душвори зиндагии SILSILA равона мегардад. Ин Фонд аз ҷониби худи Манижа ҳамроҳи модараш Наҷиба таъсис дода шудааст.

“Мусиқиро бекор кардан мумкин нест. Барои ҳар як ҳунарманд саҳна ҳаёт аст. Ва маҳз пас аз як моҳ ин ҳаёт ниҳоят дубора садо медиҳад”, – навишта буд  Манижа аввали моҳи август дар саҳифаи Instagram-и худ.

Ёдрас мекунем, ки Манижаи Сангин охирин то имрӯз иштирокчӣ аз Русия дар озмуни мусиқии «Евровидение-2021» аст, ки бо иҷрои суруди Russian Woman аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ дар даҳгонаи аввал қарор гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио