Кумаки Тоҷикистон ба Покистон дар ҳаҷми 12,2 млн. сомонӣ

Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табии Покистон 3 ҳазор тонна маводи озуқавориву масолеҳи сохтмонӣ, ки 12 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, кумаки башардӯстона ироа кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин ниҳод гуфтааст, ки кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, ҳазор тонна ангиштсанг, ҳазор тонна […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табии Покистон 3 ҳазор тонна маводи озуқавориву масолеҳи сохтмонӣ, ки 12 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, кумаки башардӯстона ироа кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, ҳазор тонна ангиштсанг, ҳазор тонна семент ва 2 ҳазор адад шифер иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ки корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона фардо ба роҳ мебарояд ва сохтору мақомоти дахлдори кишвар барои то қаламрави Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор гардидаанд.

“Таъкид бояд кард, ки иқдоми зикршуда нишондиҳандаи сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад”, – гуфта шудааст дар шарҳи кӯмакҳо.

Ёдовар мешавем, ки бар асари бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо дар Покистон, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион шаҳрванди ин кишвар зарар дидаанд.

Ҳамчунин, беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.