Кӯчаҳои марказии Душанбе ду рӯз баста мешаванд

Дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт рӯзҳои 7-8 сентябр маҳдудият ба ҳаракати нақлиёт ҷорӣ мешавад, хабар медиҳад раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД. Ба иттилои манбаъ, кӯчаву хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт аз соати 17:00 то 22:00 баста мешаванд. Ин маҳдудият дар робита ба истиқболи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар пойтахт ҷорӣ хоҳад шуд. Дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт рӯзҳои 7-8 сентябр маҳдудият ба ҳаракати нақлиёт ҷорӣ мешавад, хабар медиҳад раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД.

Ба иттилои манбаъ, кӯчаву хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт аз соати 17:00 то 22:00 баста мешаванд.

Ин маҳдудият дар робита ба истиқболи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар пойтахт ҷорӣ хоҳад шуд.

Дар шаҳрдорӣ нақшаи дақиқи бастани роҳҳоро пешниҳод накарданд, аммо гуфтанд, кӯчаҳо аз Қасри миллат то майдони нави “Истиқлол” ва роҳҳои ҳамшафат ба сӯйи майдони “Дӯстӣ” баста мешаванд.

Ҳамчунин, раёсати БДА хабар медиҳад, ки воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.

“Ба меҳмонони пойтахт тавсия дода мешавад, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд, то дар ин рӯзҳо тамбашавии нақлиёт пешгирӣ карда шавад", – шарҳ доданд дар раёсати БДА-и шаҳри Душанбе.

БДА ҳамчунин аз сокинони пойтахт хоҳиш менамояд, дар рӯзҳои мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 8-уми сентябр маҷмааи нави майдони “Истиқлол” бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ мешавад ва дар ҳамин майдон бо ширкати дастаҳои эҷодӣ ва ҳунармандони маъруфи кишвар чорабинии идона баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.