Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон арзон шуд. Мақомот шарҳ доданд

Date:

Нархи як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орду равған ва шакар дар Тоҷикистон поин рафт. Дар муқоиса бо аввали моҳи август як халтаи 50-килоии орди навъи 1-ум дар ярмаркаҳои Душанбе аз 360 сомонӣ то ба 290 сомонӣ ва то 340 сомонӣ дар бозорҳо арзон шуд.

Як халта орди навъи дуюмро вобаста ба истеҳсолкунанда “Тоҷикматлубот” бо нархи 230-260 сомонӣ фурӯхта, дар бозорҳо он то 310 сомонӣ нарх дорад.

Як халта орди дурушти истеҳсоли маҳаллӣ 210 сомонӣ арзиш дошта, дар бозорҳо нархи он аз 240 сомонӣ зиёд нест.

Нархи 5 литр равғани растанӣ аз 140 сомонӣ то 125 сомонӣ поин рафта, дар ярмаркаҳо 5 литр равған 110 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Як кило маснуоти макаронӣ дар ярмаркаҳо 7 сомонӣ (дар мағозаҳо – 10-12 сомонӣ), шакар – 9,5 сомонӣ (дар мағозаҳо – 10-11 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Гӯшти гов дар ярмарка 55 сомонӣ (барои 1 кило) ва дар бозор – 63 сомонӣ нарх дорад. Аммо дар ярмаркаҳо гӯшти босифат нест ва онро дар бозор бо арзиши 67-70 сомонӣ харидан мумкин аст.

Сабаби поинравии нарх ба маҳсулоти асосии хӯроквориро мақомот зиёдшавии захира ва воридоти онҳо ва ба маҳсулоти кишоварзӣ – мавсими ҷамъоварии ҳосил маънидод мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...