Расман. Малика Елизавета II даргузашт

Date:

"Малика нисфирӯзӣ дар Балморал оромона даргузашт" гуфта мешавад изҳороти Қасри Букингем.

Вай 96-сол дошт ва дар шоҳигари Бритониё 70 сол ҳукмронӣ кард.

Аъзоёни оилаи шоҳзодаҳо дар қалъаи Балморал дар Шотландия ҷамъ омаданд.

Нимаи дуюми рӯзи 8 сентябр Қасри Букингем хабар доданд, ки табибон аз вазъи малика "нигаронанд". Пас аз ин аъзоёни оилаи шоҳона дар Балморали Шотландия ва сокинон дар Қасри Букингем ҷамъ омаданд.

Моҳҳои охир Елизабети II дар робита ба вазъи саломатӣ аз ширкат дар чорабиниҳои гуногун даст кашид. Ҳамин тавр, дар авоили моҳи июн вай тақрибан дар тантанаҳои идона ба муносибати 70-умин солгарди ба тахт нишастанаш ширкат накард. Ӯро дар қабқлҳои расмӣ шоҳзода Чарлз иваз кард.

Дар Британияи Кабир мотами миллӣ оғоз шуд, ки то маросими дафн идома хоҳад кард, хабар медиҳад “Sky News”.

Ҷасади Элизабети II ба Қасри Букингем интиқол дода мешавад ва дар он ҷо панҷ рӯз нигоҳ дошта мешавад. Интизор меравад, ки маросими дафн пас аз 10 рӯзи марги Малика баргузор шавад.

Елизавета II 70 сол дар Британияи Кабир, Канада, Австралия ва 12 давлати мустақили дигар ҳукмронӣ кард. Вай 6 феврали соли 1952 дар синни 25-солагӣ дар пайи марги падараш шоҳ Ҷорҷ VI ба тахт нишаст. Пас аз марги малика, шоҳзода Чарлз фавран монархи нав шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...