Расман. Малика Елизавета II даргузашт

"Малика нисфирӯзӣ дар Балморал оромона даргузашт" гуфта мешавад изҳороти Қасри Букингем. Вай 96-сол дошт ва дар шоҳигари Бритониё 70 сол ҳукмронӣ кард. Аъзоёни оилаи шоҳзодаҳо дар қалъаи Балморал дар Шотландия ҷамъ омаданд. Нимаи дуюми рӯзи 8 сентябр Қасри Букингем хабар доданд, ки табибон аз вазъи малика "нигаронанд". Пас аз ин аъзоёни оилаи шоҳона дар Балморали […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

"Малика нисфирӯзӣ дар Балморал оромона даргузашт" гуфта мешавад изҳороти Қасри Букингем.

Вай 96-сол дошт ва дар шоҳигари Бритониё 70 сол ҳукмронӣ кард.

Аъзоёни оилаи шоҳзодаҳо дар қалъаи Балморал дар Шотландия ҷамъ омаданд.

Нимаи дуюми рӯзи 8 сентябр Қасри Букингем хабар доданд, ки табибон аз вазъи малика "нигаронанд". Пас аз ин аъзоёни оилаи шоҳона дар Балморали Шотландия ва сокинон дар Қасри Букингем ҷамъ омаданд.

Моҳҳои охир Елизабети II дар робита ба вазъи саломатӣ аз ширкат дар чорабиниҳои гуногун даст кашид. Ҳамин тавр, дар авоили моҳи июн вай тақрибан дар тантанаҳои идона ба муносибати 70-умин солгарди ба тахт нишастанаш ширкат накард. Ӯро дар қабқлҳои расмӣ шоҳзода Чарлз иваз кард.

Дар Британияи Кабир мотами миллӣ оғоз шуд, ки то маросими дафн идома хоҳад кард, хабар медиҳад “Sky News”.

Ҷасади Элизабети II ба Қасри Букингем интиқол дода мешавад ва дар он ҷо панҷ рӯз нигоҳ дошта мешавад. Интизор меравад, ки маросими дафн пас аз 10 рӯзи марги Малика баргузор шавад.

Елизавета II 70 сол дар Британияи Кабир, Канада, Австралия ва 12 давлати мустақили дигар ҳукмронӣ кард. Вай 6 феврали соли 1952 дар синни 25-солагӣ дар пайи марги падараш шоҳ Ҷорҷ VI ба тахт нишаст. Пас аз марги малика, шоҳзода Чарлз фавран монархи нав шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.