Баррасии бунёди НБО Ёвон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, бо Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот сарвари давлати Тоҷикистон ба давраи раисии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамчунин ободкориҳои шаҳри Самарқандро зери роҳбарии Шавкат Мирзиёев […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, бо Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот сарвари давлати Тоҷикистон ба давраи раисии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамчунин ободкориҳои шаҳри Самарқандро зери роҳбарии Шавкат Мирзиёев алоҳида таъкид намуд.

Сарони давлатҳо дӯстии ду кишвар, ҳамсоядории нек ва рушди шарикии стратегиро махсусан зикр намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр карда шуд, ки соли ҷорӣ гардиши тиҷоратии ду кишвар 16 дарсад афзоиш ёфтааст.

Сарони давлатҳо аз лоиҳаи барои ҷонибҳо ва тамоми минтақа манфиатовар – НБО Ёвон ёдовар шуда, аз оғози корҳо дар он ибрози қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.