Оташбас ҳатман бояд риоя шавад. Вохӯрии навбатии Ятимов ва Тошиев

Шоми 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар музокирот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони мақомоти […]

Asia-Plus

Шоми 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар музокирот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва сохторҳои низомии Қирғизистон иштирок доштанд.

Қобили зикр аст, ки пас аз мулоқот чор сарбози қирғизе, ки дар ҷараёни таҷовузи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон асир афтода буданд, ба ҷониби Қирғизистон баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.

“Бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад”, – таъкид шуд зимни мулоқот.

Зикр мегардад, ки аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио