Бар асари боришоти зиёд дар роҳҳои манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ якчанд ҳодисаҳои тармафароӣ ба амал омаданд.
Рӯзи 24 феврал дар километри 67-уми роҳи Душанбе – Варзоб ва қитъаи роҳи Хоруғ – Мурғоб ҳолатҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
“Дар километри 550-уми роҳи Душанбе – Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Рӯшон соати 5:30 дақиқаи субҳи 25 феврал тарма фаромада, айни замон корҳои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд”, – қайд кард номбурда.
Зимнан зикр шуд, ки айни замон роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ муваққатан бастаанд.
Ба гуфтаи ӯ, шабонарӯзи гузашта наҷотбахшони Кумита ронандагону мсофирони 28 автомашинаро, ки аз километри 65 то 73-уми роҳи Душанбе – Айнӣ дармонда буданд, ба ҷойи бехавф интиқол доданд.
“Кормандони хадамоти истифодабарии роҳи ширкати IRS ва наҷотбахшони Кумита, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, ба корҳои тозакунии роҳ ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ машғуланд”, – гуфт Юсуфӣ.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон хабар доданд, кормандони ширкат ҳамарӯза роҳро аз 6-7 тарма тоза мекунанд.
“Рӯзи 24 феврал дар километрҳои 67 ва 80-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд тарма фаромада, дарозии тармаи бузургтарин 80 метр ва баландиаш зиёда аз 10 метр аст. Тамоми техникаи ширкат ба тозакуниии қитъаҳои роҳ сафарбар шуд. Қобили зикр аст, ки дар мавззеҳои тармафаромада барои кори 4-5 адад техника дар як вақт имкон нест”, – хабар доданд аз ширкати IRS.
Дар ширкат зикр карданд, ки корҳои тозакунии роҳ аз тармаҳо қариб ба охир расида, қитъаҳои роҳ бо реагентҳо коркард мешавад, лекин ҳоло ҳам хатари тармафароӣ зиёд аст.
“Ба мо доимо мегӯянд, ки роҳи пулакӣ бояд ҳамеша кушода бошад. Ин барои мо ҳам муҳим буда, лекин ҳаёти сокинони кишвар – ронандагону мусофирон аз ин ҳам муҳимтар аст. Бо сабаби хатари зиёди тармафароӣ тасмим гирифта шуд, ки ҳаракат дар роҳ муваққатан боздошта шавад. Барои ҳарчӣ зудтар боз шудани роҳ ширкат ҳамаҷониба тадбир меандешад”, – илова карданд дар IRS.
Ҳамчунин зикр шуд, ки имрӯз ба ронандагону мусофироне, ки дар километри 81-уми роҳ дармонда буданд, аз ҳисоби ширкат маҳсулоти хӯрокворӣ дода шуд.
Котиби матбуотии Кумита изҳор дошт, ки баҳри таъмини бехатарии ронандагон зимни ҳаракат дар роҳи барфпӯш ҳангоми ҳолатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингард мунтазам аз ҷониби дастаҳои вокуниши фаврии Кумита назорат мешаванд.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, обуҳавои номусоид дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад.
Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари зиёди тармафароӣ, сангреза ва яхбандӣ боқӣ монда, аз ин рӯ, Кумита аз аҳолӣ боисрор даъват мекунад, ки аз сафару сайру саёҳат дар мавзеҳои дорои хатари тармафароӣ худдорӣ варзида, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.