Нурулло Алиев аввалин тоҷикест, ки ба UFC роҳ ёфт

Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик дар мубориза барои дарёфти қарордод бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Викиро дар раунди якум шикаст дод. Дар ин бора «Sport in Tajikistan» дар шабакаи «В контакте» хабар интишор намуд. Пеш аз баромадан ба октагон (толор) варзишгари мағлубнашуда аз Тоҷикистон Нурулло Алиев (6-0) дар саҳифаи худ дар Инстаграм ба ғалабаи худ изҳори […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик дар мубориза барои дарёфти қарордод бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Викиро дар раунди якум шикаст дод. Дар ин бора «Sport in Tajikistan» дар шабакаи «В контакте» хабар интишор намуд.

Пеш аз баромадан ба октагон (толор) варзишгари мағлубнашуда аз Тоҷикистон Нурулло Алиев (6-0) дар саҳифаи худ дар Инстаграм ба ғалабаи худ изҳори итминон карда, аз ҳаводоронаш даъват кард, ки барои Тоҷикистон мухлисӣ кунанд. Дар ин қувваозмоӣ ӯ ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷик дар ташкилоти UFC шуд.  

«Вестник ММА» хабар дод, ки пас аз қувваозмоӣ Нурулло бо президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дейна Уайт суҳбат карда, изҳор доштааст, ки аллакай баъди як ҳафта омода аст, ки дар UFC аввалин қувваозмоии худро баргузор намояд.

Нурулло Алиев соли 2000-ум дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2021 размикори промоушени Fight Nights Global буд. Нурулло инчунин аввалин размикори тоҷик аст, ки бо яке аз ширкатҳои бузурги менеҷерӣ лар соҳаи МАА – First Round Management қарордод баст.

Алиев ҳунарнамоии касбии худро дар ММА соли 2018 оғоз намуда, дар якчанд мусобиқаҳои дохилӣ қувваозмоӣ кард. Қувваозмоии охирини худро ӯ моҳи сентябри соли гузашта доир намуда, бо қарори якдилонаи доварон пирӯз дониста шуд. 

Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд 22 сол дошта, то имрӯз дар ташкилоти Fight Nights Global меҷангид. Уқоби Тоҷик” то имрӯз 6 бурд дошта, ягон бохт надорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.