Даромади Тоҷикистон аз фурӯши фулузот ва сангҳои қиматбаҳо қариб 60% кам шуд

Date:

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 421 млн доллар фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо содир намуд.

Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда 59,4% камтар аст.

Сарфи назар аз кам шудани даромад, фурӯши ин маҳсулот давоми моҳҳои январ-сентябр зиёда аз чор як ҳиссаи ҳаҷми умумии содиротро дар ин давра ташкил медиҳад.

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 1,6 млрд долларро ташкил додааст, ки 5,5% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Зиёда аз 40% аз содироти кишварро маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентратҳо, ангишт, неруи барқ ва дигар ашёи хом), беш аз 16%-ашро – фулузоти арзон ва маснуот аз он (алюминий ва маснуот аз он) ташкил додааст.

Ҳаҷми содирот дар ин давра 2,3 баробар аз воридот камтар аст. Дар давоми 9 моҳ ба ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 3,8 млрд доллар молу маҳсулот ворид шудааст, ки 25,7% зиёдтар дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли 2021 мебошад.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон асосан ба Қазоқистон (23% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (18%), Ӯзбекистон (9,2%), Туркия (8,7%) ва Афғонистон (5,8%) интиқол дода шудааст.

Гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 5,4 млрд доллар баробар шудааст, ки 18,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (беш аз 1,2 млрд доллар), Қазоқистон (зиёда аз 1 млрд доллар) ва Чин (965 млн доллар) дохил шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...